ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Шоҳиён дар ҷаласаи ахири парлумон дар хитоб ба намояндаҳои мардум гуфт, таҳлил ва баҳогузории вазъият нишон медиҳад, ки таҳдиду хатарҳо дар ҳифзи сарҳади давлатии ҷумҳурӣ рӯз то рӯз зиёд гардида, эҳтимоли дар ояндаи наздик рахна намудани марз аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, террористиву ифротгароӣ ва қочоқчиёни силоҳбадаст ҷой дорад.
Фармондеҳи аршади нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои “Толибон” ва неруҳои ҳукуматии Афғонистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ хати тӯлонии сарҳади давлатӣ аз тарафи Афғонистон ҳифз карда намешавад.
“Аз рӯи маълумотҳо, гурӯҳҳои террористӣ ба омӯзиши дараҷаи ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ, ҷиҳати интиқоли маводи мухаддир тавассути сарҳад ба якдигар кумак мерасонанд”, - таъкид кардааст Шоҳиён.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Шоҳиён хабар додааст, ки гурӯҳҳои ҷинояткори байналмилалӣ барои ба ҳадафҳои худ ноил гардидан аз қувва ва воситаҳои муосир самаранок истифода менамоянд ва зарур хондааст, ки созишномаи пешниҳодкардаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон татбиқ шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон Созишнома дар бораи ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои узви ИДМ-ро пешниҳод кард ва вакилон ҳафтаи гузашта онро ба тасвиб расонданд.
“Ҳадафи созишнома муайян намудани тартиби ташкил, кор бурдан ва қатъ кардани фаъолияти гурӯҳҳои муштарак, инчунин, мақоми он дар ҳудуди Тарафи дархосткунанда мебошад”, - тавзеҳ дод Шоҳиён.
Ӯ таъкид намудааст, ки барои сари вақт пешгирӣ намудани фаъолияти тахрибкоронаи террористҳо ва таъмини амнияти минтақа зарурати амалӣ намудани созишномаи мазкур ба миён омадааст.
Пас аз талаби Раҳмон аз Жээнбеков: аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон "оғоз" шуд
Созишномаи ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони идораҳои сарҳадӣ, барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳо дар сарҳадоти ИДМ, 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Минск ба имзо расида буд.