ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар семоҳаи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 522,4 млн. сомонӣ маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ истеҳсол шудааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар семоҳаи якум қисми бештари истеҳсоли маҳсулот ба соҳаи чорводорӣ рост омадааст.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра ба 520,2 млн. сомонӣ ва растанипарварӣ ба 2,2 млн сомонӣ баробар шудааст”, - таъкид намудааст ҳукумати вилояти Суғд.
Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд намудааст, ки дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ 13,8 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд, ки аз он ба маблағи 11,2 млн. доллар 6932 тонна нахи пахта, ба маблағи 1,75 млн. доллар 5627 тонна хушкмева, ба маблағи 663,3 ҳазор доллар 15,2 ҳазор тонна пиёз ва ба маблағи 294,0 ҳазор доллар 389 тонна пӯст содирот карда шуда аст.
Ёдрас мешавем, ки ахиран мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон намуда буд, ки дар семоҳаи аввали соли равон, новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 269,6 миллион сомонӣ расидааст.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1735 адад расида, шумораи умумии корхонаҳои калону хурди саноатӣ ба 161 адад расидааст.
Дар ин давра номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 10 корхонаи саноатӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷа содирот карда шудааст.