ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар мусобиқа варзишгарон дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ ва ШНТМ миёни ҳам барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ дар равияҳои инфиродӣ, даставӣ, даставии омехта миёни занон ва мардон рақобат намуданд.
Манбаъ афзуд, аз рӯи натиҷаи медалҳои бадастомада шаҳри Душанбе мақоми аввал, вилояти Суғд ҷои дуюм ва вилояти Хатлон мақоми сеюмро касб намуд.
Дар ҳайати даставӣ миёни мардҳо тими Суғд ҷои 1, Душанбе-1 ҷои 2 ва Хатлон-2 ҷои 3 гирифта, миёни бонувон дастаи Душанбе-1 мақоми 1, Суғд ҷои 2 ва ШНТМ мақоми 3-юмро соҳиб шуданд.
Дар сабқати ҷуфтҳои омехта Султонов Убайд ва Азизова Наргис, миёни ҷуфтҳои мардҳо - Сомони Ҳусейн, Султонов Убайдулло ва ҷуфтҳои бонувон - Исмоилова Динора, Сумайя Амирӣ ҷои аввал гирифтанд.
Дар мусобиқаи инфиродӣ миёни мардҳо Сомони Ҳусайн ҷои 1, Султонов Убайдулло ҷои 2, Набиев Шероз – 3 ва миёни бонувон Исмоилова Динора – 1, Сумайя Амирӣ – 2 ва Азизова Наргис мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Дар Душанбе мусобиқаи Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба теннис баргузор гардид
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибону ҷоизадорон бо ҳузури Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Мирзо Исмоилзода, раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон баргузор шуд.