Дар Узбакистон ҳам "танзими анъана ва ҷашну маросим" сар шуд

CC0 / Pixabay / Молодожены, архивное фото
Молодожены, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Узбакистон танзими анъанаро аз мубориза бо тӯйҳои дабдабанок сар кард

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Раиси Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Узбакистон Қаҳрамон Қурбонбоев гуфт, ки ҳангоми сафараш ба шаҳрҳои водии Фарғона корвони бодабдабаи арӯсиеро бозистонда, арӯсу домодро бо такси ба хонаи бахт гусел кардааст.

Ба гуфтаи вай, ин рафтораш дар тарбияи ҷавонон намунае хоҳад шуд.

 "Агар мо ҷавононро тарбия надиҳем ва Иттиҳоди ҷавонон ин корро накунад, пас мо бояд аз вазифаҳои ишғолкардаи худ даст кашем", — таъкид кард вай.

Мансабдор мутмаин аст, ки тӯйҳои дабдабанок имрӯз яке аз мушкилоти рӯзмарра дар байни ҷавонон мебошад. Ба андешаи вай, ҷашнҳо набояд серхарҷу пуршукӯҳ бошанд.

Абдурахмон Кодири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Талаби риояи бечунучарои қонуни танзим аз раисони шаҳру навоҳии Суғд

Қурбонбоев огоҳ кард, ки танҳо дар моҳи апрел ва майи соли равон Иттиҳоди ҷавонон 288 тӯйи маъмӯлӣ ташкил кардааст ва ин ниҳоят нест.

Пештар сарвари Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ алайҳи баргузории чорабиниҳои тӯйӣ пурдабдаба ҳарф зада буд. Сипас, дар асоси пешниҳодоти раисиҷумҳур ҳатто як қатор тавсияҳо барои гузаронидани ҷашнҳо таҳия гардид.  

Моҳи марти соли равон сенати Узбакистон тасмимеро роҷеъ ба тартиби гузаронидани тӯйҳо ва маросимҳои ҷашнӣ гирифт.

Тибқи санад, тӯй ва дигар ҷашнвораҳо дар ҷумҳурӣ иҷоза дода мешавад, ки аз соати 10.00 то 23.00 гузаронида, меҳмондорӣ тибқи анъанаи ҳатмии меҳмондорӣ бо оши палав — аз соати 12.00 то 15.00 ба амал меояд. Шумораи меҳмонони даъватшуда ба тӯйҳо ва ҷашнвораҳо то ба 150 нафар маҳдуд карда, то 200 нафар бо оши палав меҳмондрӣ карда мешаванд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаи риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи кортежи тӯёна дода, пешниҳод шуда буд то шумораи мошинҳои он маҳдуд гардад. Дар шаҳр гӯш кардани мусиқии баланд, сурудхонӣ ва истифода аз тақвияткунандаҳои савтӣ манъ аст.

Илова бар ин, аз санад бармеояд, ки дар барномаи консертии ҷашнвора иҷоза дода шудааст, ки танҳо як иҷрокунанда ё як ансамбл даъват кардан мумкин асту халос. Шумораи мошинҳое, ки дар маросимҳо истифода мешаванд, набояд аз дуто зиёд бошад.

Ҳамзамон, роҳбарони мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои тамоми сатҳҳо, бояд ҳангоми гузаронидани маросимҳои оилавӣ намунаи ибрат бошанд.

Лентаи хабарҳо
0