ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс Майк Тайсон размикорони ҷавонро тамрин медиҳад.
I’m not getting back in the ring but I could 😂 just paying it forward. Love talking to this generation of fighters. @Justin_Gaethje @OttmanAzaitar . pic.twitter.com/xlW57OJtch
— Mike Tyson (@MikeTyson) 17 октября 2019 г.
Собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар ин навор ба размикорони муҳорибаҳои омехтаи (ММА) Ҷастин Гетҷӣ ва Оттман Азейтар усулҳои муштзанӣ ва ҳимоя намудани худ аз ҳарифро нишон додааст.
Тайсан дар саҳифаи Twitter навиштааст, ки ҳаваси ба майдони набард баргаштанро надорад, вале ҳамзамон аз чунин имконият ҳоло ҳам бархӯрдор аст.
"Ба шарте бармегардам, агар маблағи маро қаблан пардохт кунанд. Бароям муносибат ва кор кардан бо варзишгарони ҷавон бисёр роҳатбахш аст", афзудааст Майк Тайсон.
Ҷангал як шоҳ дорад: Ҳабиб дар бораи тарки муҳориба кардани Конор
Маврид ба зикр аст, ки Майк Тайсон дар тӯли собиқаи калони варзишии худ 58 маротиба ба ринг баромадаст. Аз ин миён 50 муҳорибаро бо пирӯз шудан анҷом дода, танҳо дар 6 набард мағлуб шудаст.
Гузашта аз ин боз ду набардӣ ӯ беэътибор дониста шуда буд.
Бояд зикр намуд, ки то кунун собиқ қаҳрамони ҷаҳон Майк Тайсон дар чандин филмҳо нақш офаридаст.