ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс, Майк Тайсон хоҳиши саҳмиядор шудани қаҳрамони муҳорибаҳои омехта (MMA) Конор Макгрегорро дар UFC, тавзеҳ дод.
Ба гуфти ӯ хуб мешуд Конор бештар ба варзиш сару кор гирад на ба тиҷорат.
"Раҳбари ширкат шудан тамоман кори дигар аст. Беҳтараш дар дохили панҷара рақибонатро мағлуб куну пул ба дас ор",-менависад TMZ аз қавли Майк Тайсон.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов Конор Макгрегорро дар рақобат мағлуб кард. Пас аз ин ҳодиса миёни ҳаводорони Конор ва Ҳабиб таниш сар зад. Ҳабиб Нурмуҳаммедовро дар паи ин муноқиша, аз камарбанди қаҳрамонӣ маҳрум накарданд, аммо 250 ҳазор доллар ҷарима намуданд.
Комиссияи иёлати Невадаи Амрико, Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегорро барои ҷанҷол аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳрум кард.
Пас аз рақобат бо Конор: Ҳабиб дар феҳристи Топ-100 варзишкори маъруфи ҷаҳон
Қарори вижаро Комиссияи иёлати Невада (NSAC) қабул кард.
Пештар хабар дода шуд, ки ҳунарманди амрикоӣ Силвестр Сталлоне бисёр мехоҳад рақобати ҷавобии варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамтои ирландиаш Конор Макгрегорро бубинад.