Пулшӯии мақомдори Конибодом: беш аз 8 ҳазор доллари мардумро аз худ кард

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКупюры американских долларов
Купюры американских долларов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситони шаҳри Конибодом ҳукми як мақомдори маҳаллиро эълон намудаст, ки бо суиистифода аз мақоми ишғолкардааш ба пулшӯӣ даст задаст

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи Додситонии олии Тоҷикистон, Аҳмедов М.Э. мудири Ассосиатсияи истифодабарандагони оби "Оби тоза"- и шаҳри Конибодом, дар суиистифода аз мақоми давлатӣ ва аз худкунии пули давлат гунаҳкор дониста мешавад.

Қаллобӣ: корманди Комиссариати ҳарбӣ 8000 сомонӣ гирифт, аммо билети ҳарбиро надод

Манбаъ меафзояд, ки номбурда сар аз соли 2018 то моҳи январи соли 2019 як қисмати пули воридотии хизматрасонии обро ба хазинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ворид накарда, азонихуд намудааст.

"Аҳмедов аз 197685,79 сомонӣ, ки аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодабарандагони оби полезии деҳоти Э.Шарипов ҷамъоварӣ шудааст, танҳо 118790,68 сомониро барои хароҷоти Асосиатсия масраф намуда, боқимонда 78895,11 сомониро ба ҷайби худ задаст", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Зимнан, додситони шаҳри Конибодом аз рӯи ин ҳолат нисбати Аҳмедов М.Э. бо моддаи 245 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, барои баровардани ҳукми ӯ ба додгоҳ ирсол намуданд.

Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Қаллобӣ: тасарруфи 60 000 сомонӣ ва бо роҳи фиреб соҳиб шудан ба мошини "Тойота-Кемри"

Додгоҳи ин шаҳр гунаҳкор будани ӯро собит намуда, нисбати Аҳмедов ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 55 ҳазор сомонӣ муқаррар карданд.

Ҳамзамон Аҳмедовро аз ҳуқуқи ишғоли вазифаи масъулияти пулию моддидошта ба муҳлати 1 солу 6 моҳ маҳрум намуданд.

Манбаъ меафзояд, ки мақомдори Конибодом бо ин амали ғайриқонунии худ ба давлат зарари калони моддӣ оварда расонд.

Лентаи хабарҳо
0