ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба Шӯъбаи вазорати мазкур воқ дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 27-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо аризаи шикоятӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудааст.
Ба изҳори сокини Турсунзода, марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки дар ширкати ҶДММ "Таъминот-2016", аз соли 2015 то соли 2018 ба ҳайси ронанда фаъолият мекард, маҳсулоти гушти мурғро дар мағозаҳои шаҳри Душанбе ба маблағи 60 000 сомонӣ фурӯхта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
ВУД меафзояд, дар робита ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Юсупов, раиси “Гео замин” дар Хуҷанд дар қаллобӣ айбдор мешавад
Зимнан, ВУД Тоҷикистон аз як ҳолати дигари қаллобӣ хабар медиҳад. Бар хабари манбаъ, ба кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур, марди 24-солаи сокини ноҳияи Хуросон муроҷиат намудааст, ки рӯзи 23-юми августи соли ҷорӣ, марди 30-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи "Тойота-Кемри"-ро ба маблағи 105 000 сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯйи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.