Шайхҳои араб ва оши тоҷикӣ: рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистон - навор

Обуна шудан
Агар берун аз марзи Тоҷикистон қарор доред ва имкони бевосита шоҳиди баргузории рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистонро надоред, озурда нашавед. Зеро бо тамошо кардани навори зайл худ иштирокчии ин чорабинӣ хоҳед шуд

Дар Тоҷикистон сар аз 15 то 18 октябри соли равон, Рӯзҳои фарҳангии Кувайт баргузор мешаванд. Ҳадаф аз баргузор шудани чорабинии мазкур, тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар арзёбӣ мешавад.

Встреча заместителей министров культуры РФ и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Аз намоишҳои Театри Маяковский дар Русия то гузоштани муҷассамаи Пушкин дар Душанбе

Шоми 15 октябр дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Давлати Кувайт дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ёдгориҳои фарҳангии тоҷикон дар осорхонаи Шарқ дар шаҳри Маскав – навор

Нахуст дар фойеи театр меҳмонон аз намоиши аксҳо оид ба муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Кувайт ва мусаввараҳои рассомони кувайтӣ дидан намуданд.

Дар навори мазкур рассоми муваффақи кувайтӣ Фасал Машъал намунаи шоҳкориҳои худро ба маърази тамошо гузоштааст.

"Дар аксҳои ман қаҳрамонҳое инъикос ёфтаанд, ки ҳаводиси воқеии феълиро нишон медиҳанд. Яке даст надорад, дигаре пой  ва ё даҳон. Ҳадафи ман нишон додани асли воқеии ҳаёти имрӯза буд. Чун одамон мушкилиро мебинанд, аммо аз баён ва ё пайдо кардани роҳи ҳалли он худдорӣ мекунанд, аниқтараш ба худ бовар намекунанд", - афзудааст ин расоми кувайтӣ.

Маврид ба зикр аст, ки Кувайт аз нахустин давлате буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро пазируфт.

Лентаи хабарҳо
0