Аз намоишҳои Театри Маяковский дар Русия то гузоштани муҷассамаи Пушкин дар Душанбе

© Министерство культуры РФВстреча заместителей министров культуры РФ и Таджикистана
Встреча заместителей министров культуры РФ и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовинони вазири фарҳанги Русияву Тоҷикистон зимни мулоқот дар Душанбе дар бораи намоишҳои театри Маяковский дар минтақаҳои гуногуни Русия ва гузоштани муҷасамаи Александр Пушкин дар Душанбе ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо муовини Вазири фарҳанги Русия Олга Ярилова мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Патентро арзон, имтиҳонро осон ва муҳоҷиронро "авф" кунед: 3 пешниҳоди Расулзода ба Русия

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар, ташкили барномаҳои муштараки фарҳангӣ, табодули таҷриба, тарбияи кадрҳо ва инчунин вобаста ба лоиҳаи матни протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматие, ки қаблан баррасӣ гардида буд, табодули андеша намуданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Русия, зимни мулоқот тарафҳо барои имзои барномаи ҳамоишҳои муштарак миёни вазорати фарҳанги Русия ва Тоҷикистон барои солҳои 2019 ба тавофуқ расиданд.

Инчунин тарафҳо масоили дурнамои ташкили ҳамоишҳои мутақобили фарҳангӣ, мастер-класс ва курсҳои омузиши барои баланд бардоштани сатҳи дониш барои донишҷӯёни Донишгоҳҳои Тоҷикистон, ва баргузории ҳафтаи филмҳои Русия дар Тоҷикистон дар ва рӯзҳои фарҳанги Русияву Тоҷикистон дар соли 2019 баррасӣ шуд.

Министр финансов Антон Силуанов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Антон Силуанов, муовини аввали сарвазири Русия барои музокирот ба Душанбе меояд

Манбаъ таъкид намудааст, ки тарафҳо ба дастгирии театри давлатии драмавӣ ба номи Мояковский таваҷуҳи хос зоҳир карданд. Дар соли 2019 вазорати фарҳанги Русия тасмим дорад намоишҳои театри Маяковкийро дар минтақаҳои гуногуни Русия ташкил намояд. Инчунин тарафҳо имконияти гузоштани муҷассамаи шоири шинохтаи рус Александр Пушкин, бахшида ба 220-солагии зодрӯзашро баррасӣ намуданд.  

Ёдрас мешавем, ки Олга Ярилова дар ҳайати иштирокчиёни Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба масоили иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба ҷумҳурӣ   омадааст.

Лентаи хабарҳо
0