Корд ба қалби Дилмурод: тафсилоти куштори донишҷӯй дар роҳ ба донишгоҳ - акс

© акс аз саҳифаи Раёсати ВУД дар шаҳри ДушанбеФозилов Дилмурод, донишҷӯи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон
Фозилов Дилмурод, донишҷӯи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз ҷанҷоли ду донишҷӯй хабар дод, ки гуфта мешавад аз замони таҳсил дар мактаб бо ҳам хусумат доштаанд. Ин ҷанҷол бо марги Фозилов Дилмурод, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон анҷомид

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати умури дохилии Душанбе, субҳи 8 октябри соли ҷорӣ тахминан соатҳои 07:30 дақиқа дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Сино дар роҳ ба донишгоҳ байни 2 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муноқиша сар задааст.

Драка - Sputnik Тоҷикистон
Кордкашии ду ҷавон дар Душанбе ба марг анҷомид

Манбаъ тавзеҳ дод, ки муноқишаю занозанӣ миёни Қурбонов Убайдулло, мутаваллиди соли 2001, сокини ноҳияи Сино, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Фозилов Дилмурод, зодаи соли 2002, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳаёти Нави ноҳияи Сино рух додааст.

“Дар ин ҳолат, донишҷӯ Қурбонов Убайдулло Бежанович аз ҳиссиёти авбошӣ бо корди бо худ доштааш як бор ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Фозилов Дилмурод Сироҷович мезанад, ки дар натиҷа бо бардоштани ҷароҳати вазнин охирон ба ҳалокат расида, гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад”, - омадааст дар иттилоияи РВУД.

© акс аз саҳифаи Раёсати ВУД дар шаҳри ДушанбеҚурбонов Убайдулло, муттаҳам дар куштори Фозилов Дилмурод
Корд ба қалби Дилмурод: тафсилоти куштори донишҷӯй дар роҳ ба донишгоҳ - акс - Sputnik Тоҷикистон
Қурбонов Убайдулло, муттаҳам дар куштори Фозилов Дилмурод

Манбаъ таъкид кард, ки маъмурини милиса муттаҳам Қурбонов Убайдуллоро худи ҳамон рӯз аз ҳудуди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир намуданд.

Посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Сатторзода: то охир пофишорӣ мекунем, то қотили Ҳувайдо ҷазои шадид гирад

Ба иттилои РВУД нисбати Қурбонов бо моддаҳои 237 - авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва  модааи 104-и Кодекси ҷиноӣ - одамкушӣ парванда оғоз карда шуда, муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

“Далелҳои аввалини тафтишотӣ муайян намуд, ки ҳарду донишҷӯй хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Сино дар соли ҷорӣ буда, хусумати даврони мактабӣ ва бетарафии дӯстону наздиконашон оқибат ба ҷинояти вазнини одамкушӣ оварда расонид”, - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0