Боздошти қаллобе, ки 59 200 доллари сокинони Ҳисорро гирифта барнагардонд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКупюры американских долларов.
Купюры американских долларов. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як қаллоб хабар медиҳад, ки дар чандин ҳолат пули сокинони Ҳисорро гирифта дигар барнагардондаст

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия сокини 34 - солаи шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисорро боздошт намуданд, ки дар фиреби сокинони маҳаллӣ гумонбар дониста мешавад.

Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Қаллобӣ: тасарруфи 60 000 сомонӣ ва бо роҳи фиреб соҳиб шудан ба мошини "Тойота-Кемри"

Манбаъ меафзояд, номбуда ҳанӯз соли 2014 ба боварии марди 45 - солаи деҳаи Тудаи ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 18 000 доллари амрикоӣ гирифта, танҳо 3 800 долларашро баргардонд, аммо боқимонда 14 200 доллари дигарро барнагардонидааст.

Қаллобӣ: корманди Комиссариати ҳарбӣ 8000 сомонӣ гирифт, аммо билети ҳарбиро надод

Гузашта аз ин, худи ҳамон сол боз аз як сокини дигари деҳаи Туда 33 000 доллар гирифта, 24 ҳазорашро баргардонд вале аз додани 9000 доллари дигар худдорӣ кардаст.

Зимнан, боз як ҳолатии қаллобии дигар низ аз ҷониби ин сокини 34 - солаи Ҳисор ошкор шудааст, ки соли 2014 сурат гирифтаст.

Номбурда як сокини маҳаллиро фиреб дода, аз ӯ 56 ҳазор сомонӣ гирифта, як қисми онро баргардонд, вале 36 ҳазор сомонии дигар бозпас надодааст.

Боздошти дабир ва нозири додгоҳ бо ҷурми қаллобӣ

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0