Саида Умарзода аз ошкори маҳсулоти пастсифат ва доруҳои мӯҳлатгузашта эълон кард

© Sputnik / Амир ИсаевКолбасные продукты в магазине
Колбасные продукты в магазине - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз муомилот гирифтани маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва маводи дорувории мӯҳлатгузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод эълон кард, ки дар зарфи 9 моҳ наздик ба 665 ҳазор кило маҳсӯлоти хӯроквории пастсифат ва беш аз 110 ҳазор адад доруворие, ки ба таври қочоқ ворид шудаанд, ё мӯҳлаташон гузаштааст аз муомилот гирифта нобуд карда шудааст.

Дар ин бора сомонаи Вазорати тандуристии Тоҷикистон хабар додааст.

Правительственное заседание - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон барои воридоти маҳсулоти пастсифат чанде аз масъулинро барканор кард

Бино бар иттилои манбаъ, дар зарфи 9 моҳи соли равон маҳсулотҳои хӯроквории пастсифат, мӯҳлати истифодабариашон гузашта ва аз ҷиҳати нишондодҳои органолептикӣ шубҳанокбуда, 664 955 кило ба маблағи 7 миллиону 866 ҳазору 777 сомонӣ аз муомилот боздошт шудаааст.

Инчунин ба маблағи 11 ҳазору 699 сомонӣ бозичаҳои пастсифату ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда аз муомилот гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар ин давра нисбати 5 126 нафар масъулин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба маблағи беш аз 680 ҳазор  сомонӣ ҷарима таъин шудааст.

Саида Умарзода, ҳамчунин қайд намудааст, ки дар 9 моҳи соли равон воридоти маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба ҷумҳурӣ ба 380 миллиону 230 ҳазору 209 сомонӣ ва содироти маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба 43 миллиону 668 ҳазору 390 сомонӣ баробар  гаштааст.

Аммо дар баробари ин дар давраи ҳисоботӣ аз муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 1 031 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 110 ҳазор 814 адад аз муомилот гирифта шуда, бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 132 227 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, мӯҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0