Парлумони Тоҷикистон кони "Якҷилва" - и Мурғобро ба Чин "дод"

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парлумони Тоҷикистон созишномаи миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Чинро оиди коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони "Якҷилва"-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тасвид расонд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишномаи сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Тоҷиксемент" оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта-ро ба тасвиб расонидаанд.

Парлумони Тоҷикистон созишномаи миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Чинро оиди коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони "Якҷилва"-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тасвид расонд.

"Вакилони мардумӣ ҳамчунин дар иҷлосия Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед"-и Ҷумҳурии Чин оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони "Якҷилва"-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019" -ро баррасӣ карда, қарорҳои дахлдор қабул кардаанд", - омадааст дар хабарнома.

Производство цемента. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Аз корхонаи семент то масъалаи кони нуқраи “Якҷилва”: баррасии ду созишнома дар Парлумон

Ҳамчунин вакилони халқ, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ва Бонки Урупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи "Таъминоти оби Тоҷикистон II-Хоруғ, ВМКБ", Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и шаҳри Хоруғ, корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию каммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи "Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри  Хоруғ», Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи "Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ", Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Урупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи "Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ"-ро муҳокима ва ба тасвиб расонидаанд.

Имзои созишномаи Ҳукумат бо ширкати чинӣ барои коркарди нуқра дар Мурғоб

Дар баробари ин имрӯз дар ҷаласа, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D3620-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ассосиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи  "Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ" ва ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ибтидоӣ оид ба маблағгузорӣ ва нишондиҳандаҳои таҷдидиназаргаштаи мониторинги натиҷабахшӣ-мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, созишномаҳои мазкурро ба тасвиб расонида аз рӯи лоиҳаҳои қонунҳои зикргардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Парлумони Тоҷикистон пурзӯр намудани ҷазо барои шиканҷаро баррасӣ кард

Ёдовар мешавем, ки Созишномаҳои мазкурро ба вакилони мардумӣ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаӣзиддин Қаҳорзода, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, вакилони Маҷлиси намояндагон Ҳусеӣн Нидозода, Дилрабо Мансурӣ, Бибидавлат Афзалшоева, Олимҷон Сафаров муарифи намуданд.

Лентаи хабарҳо
0