ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Бар хабари шабакаи NHK, теъдоди умумии қурбониёни ин офати шадиди табиӣ дар Ҷопон ба 66 нафар расида, ҳамзамон 15 нафари дигар то ҳол беному нишон ҳастанд.
Манбаъ меафзояд, бар асари офати табиӣ 212 нафар ҷароҳатҳи гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ҳалокати 66 нафар сокинони Ҷопон аз тӯфони шадид дар ҳолест, ки қаблан аз фавти 61 нафар хабар дода мешуд. Зикр мегардад, ки шояд теъдоди қурбониён боз ҳам афзоиш ёбад.
Ёдовар мешавем, ки тӯфони "Хагибис" авозири ҳафтаи гузашта дар Ҷопон сар зад, ки бо худ шамоли сахт ва боронгарии шадид ба бор овард.
Тарсовартар аз марг: дар Амрико 7 милюн кас аз туфон осеб дид
Зимнан бар асари боронгардиҳои зиёд даҳҳо манзилҳои истиқоматӣ пурра зери об монданд ва ҳамчунин дар 19 манотиқи Ҷопон лағжиши замин рух дод.
Аз ҳама беш аз ин офати табиӣ манотиқи чун Фукусима, Мияги, Канагава, Тотиги, Саитама, Нагана ва Сидзуока хисорот диданд.
Гузашта аз ин то ҳол беш аз 133 ҳазор манзилҳои истиқоматӣ аз оби ошомиданӣ маҳрум гардиданд ва 34 ҳазор хона бе неруи барқ монданд.
Феълан дар минтақаҳои осебдида, дасти кам 110 ҳазор кормандони наҷотбахшӣ, оташнишонон, пулис ва кормандони Хадамоти амниятӣ дар баҳру дарёҳо, барои наҷот ва ҷустуҷӯӣ бедаракшудагон фаъолият мебаранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори офати табиӣ дар Ҷопон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон ба ҳамтои худ Синдзо Абэ барқияи таслият ирсол кард.
"Хабари дар кишвари дӯсти Япония сар задани тӯфони "Хагибис", ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар шаҳрвандон ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон гардида, харобиҳои калонро ба бор овард, моро хеле андуҳгин кард", - гуфта мешавад дар мактуби изҳори ҳамдардии раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони қурбониён ва ҳукумати Ҷопон таслияти амиқи худро изҳор намудааст.