ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Се наврас дар Хуҷанд аз коми мавҷҳои тӯфонии Суғд наҷот дода шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, "онҳоро метавонист мавҷи пурталотуми Сир ба коми худ фурӯ барад, агар сари вақт ба кумакашон наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда намерасиданд", зеро наврасон дар минтақаи мамнӯъ шиноварӣ мекардаанд.
"Ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои дарёи Сир гурӯҳи ғаввосон-наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд се сокини шаҳри Хуҷандро, ки дар ҳоли ғарқ шудан дар об буданд, наҷот доданд. Ин наврасон дар минтақае оббозӣ мекарданд, ки шиноварӣ манъ буд. Онҳоро аз мавҷи об ба берун, ба соҳил оварданд. Дар аввалин фурсат барояшон ёрии тиббӣ расонда шуд. Баъди он ки духтурон наврасонро муоина карданд, онҳо ба хонаҳои худ равон гаштанд", - менависад манбаъ.
КҲФ таъкид мекунад, ки мутахассисони Кумита дар гӯшаву канори кишвар, дар минтақаҳои наздисоҳилӣ, лагерҳои истироҳатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ навбатдорӣ мекунанд ва ҳамзамон бо роҳандозии мулоқотҳо ба истироҳаткунандагон дар бораи хатари шиноварӣ дар ҷойҳои мамнуъ ва расонидани ёриҳои аввалияи тиббӣ суҳбатҳо баргузор мекунанд.
Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар манотиқи наздисоҳилӣ ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоянд. Онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред.