ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Узбакистон низ ба мисли Тоҷикистон орд гарон шудааст, қиммати нон ба андозаи 40 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бар хабари сомонаи Sputnik Узбакистон имрӯз дар бозорҳои шаҳр нон ба нархи 1400-1500 сум фурухта мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан ҳукумати кишвар қароре ба тасвиб расонда буд, ки бар асоси он орде, ки аз гандуми воридотӣ омода мешавад ба таври пешпардохти 100 дарсадӣ ба шаҳрвандон фурӯхта шавад.
Нархи 1 халта орд дар Тоҷикистон аз 200 сомонӣ ҳам гаронтар шуд
Зимнан, ду ҳафта қабл Шӯрои деҳқонони Узбакистон бо муроҷиат намудан ба ҳукумати кишвар талаб карданд, ки қарори ба тасвиб расидаро бекор кунанд. Зеро ин қарор ҳавасмандии истеҳсолот ва коркарди гандумро коҳиш медиҳад.
Гаронии арзиши орд дар Тоҷикистон низ яке аз мушкилоти мубрам дар чанд моҳи ахир ба ҳисоб меравад.
Зеро арзиши ин навъ маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон ба якбора гарон шуда, феълан ба нархи аз 200 то 210 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Гаронтарин орд ва арзонтарин гӯшт дар Бадахшон фурӯхта мешавад
Гузашта аз ин нархи орд дар Бадахшони Тоҷикистон ба фарқ аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ гаронтар буда, сокинони ин минтақаи баландкӯҳ мегӯянд, ки ба қиммати 250 сомонӣ як халта ордро харидорӣ мекунанд.
Феълан ҳукумати Тоҷикистон барои ба эътидол овардани арзиши орд, ягон хел чораандешӣ накарда истодааст.