ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Қимматшавии арзиши орд дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз афзоиш ёфтани воридоти ин навъ маҳсули хӯрока хабар медиҳад.
Ба иттилои вазорати мазкур, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 32 ҳазор тонна орд ворид шудаст.
Раҳмон бо Мамин ташкили корхонаи орд ва имтиёзҳо дар роҳҳои оҳану баҳриро баррасӣ кард
Гуфта мешавад, ин миқдор орди воридотиро Тоҷикистон бо арзиши беш аз 7 миллион доллари амрикоӣ харидорӣ намудаст.
Зимнан, воридоти гандум низ ба Тоҷикистон назаррас буда, дар ин муддат ба маблағи беш аз 136 миллион доллар 684 ҳазор тонна гандум ворид шудаст.
Гаронтарин орд ва арзонтарин гӯшт дар Бадахшон фурӯхта мешавад
Қобили зикр аст, ки феълан 90 дарсади ниёзи бозори дохилӣ аз ҳисоби орди худӣ таъмин мешавад.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки давоми 8 моҳи соли равон дар дохили Тоҷикистон 1 миллион тонна орд ва беш аз 805,3 ҳазор тонна гандум тавлид шудаст.