ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ин баҳс баъди он сар зад, ки яке аз корбари шабакаи иҷтимоӣ бо номи “Ҳасан ибн Сабоҳ”, муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботовро ба он муттаҳам намуд, ки ӯ дар суханронии худ чархболҳои Оқохонро танқид ва чархболҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро васф намудааст.
Зимнан котиботи мақомоти иҷроияи ин вилоят дар вокуниш ба иддаои ин корбар раддияи расмиро интишор намуд.
Дар шарҳи расмии мақомоти иҷроияи ВМКБ омадааст, ки Мирзонаботов ба ҳеҷ ваҷҳ аз чархболҳои Оқохон танқид накардаст.
Номбурда бо супориши раиси ВМКБ Файзов Ёдгор барои шиносоӣ бо шароит ва санҷиши омодагии сокинони ноҳияи Мурғоб озими ин минтақа шуда бо сокинон вохӯрӣ ва мулоқот кардааст, гуфта мешавад дар шарҳи расмӣ.
Файзов ба ноҳияи Мурғоб рафт ва омодагии сокинонро ба зимистонгузаронӣ санҷид
Муовини аввали раиси Бадахшон аз сафари охири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб ёдовар шуда, гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди номусоид будани вазъи ҳаво сафари худро ба ин минтақа лағв накард ва изҳор намуд, ки "маро мардуми Мурғоб интизор ҳастанд ва мо бояд ҳатман сафар кунем".
"Ҳаво чунон номусоид буд, ки на ҳар як чархболи ватанӣ ё байналхалқӣ метавонад дар чунин шароити баландкӯҳ парвозро анҷом диҳад", - афзудааст Мирзонаботов ба сокинони ноҳияи Мурғоб.
Ҳамин иқтибоси охири Мирзонаботов боиси хашми корбари шабакаи иҷтимоӣ шуда, ӯ муовини якуми раиси вилоятро дар танқиди чархболҳои Оқохон муттаҳам намуд.
Аммо дар шарҳи расмии котиботи мақомоти иҷроияи вилоят омадааст, ки ҳадафи Мирзонаботов танқид кардани сатҳи хизматрасонии чархболҳои Оқохон набуд.
Зеро чархболҳои Бунёди Оқохон пайваста дар хизмати мардум ҳастанд ва дар лаҳзаҳои душвор дастгири сокинони ин минтақаи баландкӯҳ ҳастанд, гуфта мешавад дар шарҳи расмии мақомоти Бадахшон.