ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи содиқи 13 сентябр ҳаво дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якбора тағйир ёфта, дар шаҳри Хоруғ борон ва дар ноҳияи Мурғоб барфи шадид борид.
"Одатан вазиши шамоли сахт ва боридани барфи зиёд на танҳо ба парвози чархболҳо монеъа пеш меорад, балки барои инсон хатар ҳам эҷод мекунад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва азму талоши созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нияти сафар ба ин минтақаи дурдасттарини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нагашта, барои суҳбату дидорбинӣ бо мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мурғоб ба ин мавзеъи куҳистон ташриф оварданд", — омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки ноҳияи Мурғоб дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва релефи он мураккабу иқлимаш бисёр сард аст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Мурғоб Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат, меҳру муҳаббати бепоён ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд, ки нишонаи садоқату меҳру муҳаббат ба Эмомалӣ Раҳмон мебошад.