ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Дирӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, дар шаҳри Кӯлоб беморхонаи хусусии бемориҳои чашм иборат аз ду ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.
Манбаъ афзудааст, ки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор бинову иншоотҳое, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд мегарданд, дар вилояти Хатлон қарор дорад.
Дар ифтитоҳи беморхона Расулзодаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Н. Олимзода, раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода ва раиси шаҳри Кӯлоб А. Хайрулло ҳамроҳӣ доштанд.
Масоҳати бино 300 метри мураббаро ташкил дода дар он таҷҳизоти замонавии тиббӣ насбу васл гардидаанд.
Беморхонаи мазкур бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамадов С. дар як мудати кутоҳ сохта ба истифода дода шудааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар Расулзода дар шаҳри Кӯлоб ба маркази омӯзиши забонҳо ва як коргоҳи истеҳсол ва фурӯши маҳсулотҳои қаннодӣ ифтитоҳ бахшид.