ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи хабаргузории Parstoday гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Туркия дар моҳҳои январ то августи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 66,426 миллион доллар коҳиш ёфта, ҳудуди 195 миллион долларро ташкил додааст.
Туркия ба Тоҷикистон 200 миллион доллар додааст
Дар моҳҳои зикршуда воридоти маҳсулоти Туркия ба Тоҷикистон 99 миллион долларро ташкил дода ва содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар 96.25 миллион доллар эълом шудааст.
Туркия, Қазоқистон, Узбакистону Афғонистон - кишварҳои аслии содироти Тоҷикистон
Мубодилаи тиҷории Душанбе ва Анкара дар моҳи августи соли ҷорӣ дар муқоиса бо моҳи августи соли гузашта бо 41 миллион доллар коҳиш, ҳудуди 18.75 миллион долларро ташкил дода, ки 12 миллион доллар аз он ба воридоти маҳсулоти Туркия ба Тоҷикистон ва маблағи мобақӣ ба содироти колоҳои тоҷикӣ ба ин кишвар муртабит аст.