Болоравии қурби рубл дар оғози ҳафтаи нав дар Тоҷикистон

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтаи нав дар Тоҷикистон бо болоравии қурби рубл оғоз шудааст, ки феълан 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар то 0,153 сомонӣ арзиш дорад

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар ташкилоти қарзии кишвар аз 0.1508 то 0.1530 сомониро ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳафтаи гузашта болотар мебошад.

Купюры американских долларов и монета с гербом Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос қурби рубл дар нимсолаи дуюми 2019-ро пешгӯӣ кард

Манбаъ арзиши миёнаи фурӯши 1 доллари нақдро дар ташкилоти қарзии кишвар аз 9.6895 то 9.7000 сомонӣ ва қурби 1 евроро аз 10.7021 то 10.8000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Қурби расмиро дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА - 9.6895  сомонӣ, 1 евро - 10. 7021 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  - 0.1508  сомонӣ муқаррар намудааст.

Нурмаҳмадзода: камбуди доллар дар Тоҷикистон аз мавсим вобаста аст

БМТ ҳушдор додааст, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Лентаи хабарҳо
0