ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Пешгӯиҳо барои қурби рубл дар нимсолаи дуюм то ҳадде манфиянд, изҳор доштааст Владимир Рожановский дар суҳбат бо "Российская газета".
"Нишондоди 70 рубл барои як доллар ба воқеият наздик шуда истодааст, аммо на дар моҳи сентябр, балки дертар наздик ба моҳи ноябр", - изҳори назар кардааст коршинос.
Ӯ афзудааст, бархе омилҳое низ ҷой доранд, ки ба эҳтимоли афзоиши қурби рубл далолат мекунанд ва феълан ҳеч далеле барои воҳима нест.
“Умед аст, ки бо фарорасии соли нави молиявӣ барои як муддати начандон тӯлонӣ қурб аз нишондоди 66 рубл барои ҳар доллар поинтар шавад. Баъд аз ин боз нишондод сӯи боло ҳаракат хоҳад кард”, - изҳор доштааст иқтисодшинос.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта қурби рубл дар Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ – сомонӣ 0.145 сомониро ташкил дода буд.
Бонки миллии Тоҷикистон 30 август иттилоъ дод, ки қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии кишвар барои 1 доллари аз 9.6848 то 9.7000 сомонӣ, барои 1 евро аз 10. 7000 то 10. 7269 сомонӣ ва барои 1 рубли русӣ аз 0.1450 то 0.1470 сомониро ташкил медиҳад.
БМТ пайваста шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.