ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тими мунтахаби Ҷопон барои анҷом додани бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо тими Тоҷикистон шаби гузашта ба Душанбе ташриф оварданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби Ҷопонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндаҳои ин федератсия истиқбол намуданд.
Ба ҳайати мунтахаби Ҷопон 23 футболбоз даъват шудааст, ки 20 нафарашон легионер мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон санаи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 17:15 баргузор мешавад.
Манучеҳр Аҳмадов, капитани дастаи футболи “Хуҷанд” тимашро тарк кард
Зимнан Федератсияи футболи Тоҷикистониттилоъ медиҳад, ки санаи 14-уми октябр дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон" нишасти хабарии бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2020 дар гурӯҳи "Ғ" байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор мешавад. Оғози маросим соати 11:30 дар назар аст.
Гуфта мешавад ба саволҳои журналистон сармураббиёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон Усмон Тошев ва Хадзимэ Мориясу ҷавоб хоҳан