ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Имрӯз дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ анҷом дода, бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омад. хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ин дидор дар шаҳри Улан Батор сурат гирифта варзишгарони Тоҷикистон бо либоси сурх бозӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки ин дидори нахустини бозигарони тоҷик ва муғул мебошад.
Мунтахаби Тоҷикистон феълан садрнишини ҷадвали Ҷоми ҷаҳон-2022 мебошад
Маврид ба зикр аст, ки дар нахустин бозии гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон -2022 дар гурӯҳи "F" тими Тоҷикистон бо футболбозони Қирғизистон вориди майдон шуданд. Дар бозии мазкур футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд ва ягона голи дастаро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба самар расонид.
Набояд ин хел бозӣ кард: интиқоди тунди сармурабии мунтахаби Қирғизистон аз тимаш
Қаблан Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфта буд, пас аз сипарӣ шудани даври аввал дар гурӯҳи F мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад.