“Ман набераи сафири Тоҷикситонам”: ҳамлаи муҳоҷирон дар Екатеринбург ба варзишкор

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар минтақаи Екатеринбурги Русия чаҳор муҳоҷири меҳнатӣ дар даҳлези метро ба варзишкори карате Денис Кухарев ва рафиқи ӯ ҳамла карданд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар минтақаи Екатеринбурги Русия чаҳор муҳоҷир ба варзишкори карате, чемпиони чандкаратаи ҷаҳон Денис Кухарев ва рафиқи ӯ Алексей Коковин ҳамла намуданд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Комсомолская правда”.

Граждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково  - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ: муҳоҷирон наҷотбахши иқтисоди Аврупо ва Осиё Марказӣ мебошанд

Денис Кухарев ба Екатеринбург барои гузаронидани чанд маҳфили омӯзишӣ барои кӯдакон сафар карда будаааст.

Дар бораи ин ҳодиса ба хабарнигорон рафиқи ӯ Алексей Коковин нақл кардааст.

Ба гуфтаи вай, занозанӣ дар истгоҳи метрои “Чкаловск” сурат гирифт. Нафароне, ки мехостанд ба онҳо ҳамла кунанд, омодагӣ гирифта буданд.

“Яке аз нафароне, ки саркори занозанӣ буд, дар назди дари метро ба теладиҳӣ шурӯъ кард. Бо пешниҳоди оромшудан ба таҳдидҳо гузашт ва се нафари дигарро даъват кард. Онҳо варзишкоронро муҳосира карданду мехостанд ба кисаҳои онҳо дарст дароз кунанд” , - гуфт Коковин.

Аммо шумори зиёди ҳамлагарон фоидае наовард. Вақте, ки занозанӣ шурӯъ шуд, варзишкори карате бар сари онҳо пирӯз баромад. Сипас кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия омаданд ва ҳамаи ин чаҳор нафарро дастгир карда, ба идораи пулис интиқол доданд.

“Яке аз ин чаҳор нафар, ки дағалона рафтор мекарду худро набераи сафири Тоҷикистон мегуфт ва аз пулис талаб мекард ӯро озод намоянд. Аммо кормандони пулис ба гуфтаҳои ӯ лабханд мезаданд”, - зикр кард варзишкор.

Дар идораи пулис маълум гардидааст, ки муҳоҷирон бо худ ҳеҷ ҳуҷҷате надоштанд ва онҳои 6 моҳ пеш ба Русия барои кор омдаанд.

Лентаи хабарҳо
0