Бонки ҷаҳонӣ: муҳоҷирон наҷотбахши иқтисоди Аврупо ва Осиё Марказӣ мебошанд

© Sputnik / Стас ЭтвешГраждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково
Граждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки ҷаҳонӣ маърӯзаеро ба табъ расонидааст, ки дар он таъсири муҳоҷирон ба иқтисоди кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баррасӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар бораи суст шудани ҷараёни болоравии иқтисодиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хабаргузории РИА Новости дар истинод ба маърӯзаи Бонки ҷаҳонӣ иттилоъ додааст.

Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Танҳо дар 8 моҳ беш аз 411 ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷират рафтанд
Дар ин санад маълумот дар бораи бо суръати хеле паст инкишоф ёфтани иқтисодиёт (1,8%) дар Аврупо ва Осиёи Миёна дар заминаи суст шудани рушди ин соҳа дар Русия ва Туркия оварда шудааст.

Ин ҷараён ҳамчунин ба “паст шудани афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кам шудани шумораи аҳолии  корӣ сабаб шудааст. Аммо муҳоҷират метавонад ба пешрафт ва рушди минтақа сабаб гардад”, - омадааст дар санад.

Дар маърӯза қайд шудааст, ки тайи 40 соли охир ҳиссаи муҳоҷирон дар Аврупо ба ниҳоят афзудааст.

Аз се як муҳоҷир кишварҳои Аврупоро интихоб мекунад. Мутаассифона муҳоҷирон ба бадбиниҳои дорои хусусиятҳои миллӣ дучор мешаванд.

“Чун қоида дар бештар ҳолат муҳоҷирон ин ашхоси дорои қобилиятӣ меҳнатӣ мебошанд, ки метавонанд фишори норасоии қувваи кориро рафъ намуда, ба рушди истеҳсолот ва болоравии иқтисодиёт сабаб гарданд”, - шарҳ дод иқтисодчии калони Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Аслӣ Демиргюч-Кунт.

Дар маърӯза ба созгордиҳандагони сиёсати иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа машварат дода мешавад, ки ба муҳоҷирон кумак расонанд: ба роҳ мондани тартиботи омӯзиши касбӣ ва навсозии системаи маориф амалӣ гардад, то ки мутахассисони ҷавон (нав) бо муҳоҷирон, ки миқдори камашон соҳибихтисос мебошанд рақобат накунанд.

Председатель Совета муфтиев России Равиль Гайнутдин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Равил Ғайнуддин: муҳоҷират шумори мусалмононро дар Русия зиёд кард

Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки оид ба супурдани кумакҳои иҷтимоӣ ва суғуртаҳои иҷтимоӣ ба муҳоҷирон дар ҳолати бекорӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

“Ихроҷӣ мағзҳо”  (ва ё ба истилоҳ “утечка мозгов” – ҷараёни муҳоҷирати омавӣ, ки дар рафти он аз кишваре мутахасисон, олимон ва кормандони касбӣ бо сабабҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, диннӣ ва ғайраҳо ба дигар ҷой кӯч мебанданд) дар маводҳои Бонки ҷаҳонӣ натиҷа ном додашудааст на сабаб.  

Мувофиқи омор ашхоси дорои маълумоти олӣ аз Босния, Гертсеговина 55 дар сад аз шумораи умумии муҳоҷиронро ташкил медодаанд. Ҳамин тариқ аз Арманистон ва Латвия зиёда аз 40%, аз Албания, Молдова, Македонияи Шимолӣ, Қирғизистон, Қазоқистон, Руминия ва Тоҷикистон наздик ба 40% ташкил медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0