ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷашнвораҳои футбол то ҳол дар шаҳрҳои Ваҳдат, Бохтар, Истаравшан ва Хуҷанд доир гардиданд.
“Дар иди футбол бозингарони тими наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо кӯдакон бозиҳо анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, тӯб ва либоси варзишии футбол тақдим намуданд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки 12 октябр соати 11:00 чунин ҷашнвора дар майдонҳои футболи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Кумита зикр намудааст, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2019 – “U-17”, ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразил доир мегардад, тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е” бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ мекунад.
Рӯзи 28 октябр дар даври аввал футболбозони навраси мо бо тими Камерун вомехӯранд, дар даври дуюм 31 октябр муқобили Испания ва дар даври сеюм 3 ноябр муқобили Аргентина бозӣ мекунанд.
Видеои голҳо ва хандаю гиря: наврасони тоҷик тими Урдунро шикаст доданд
Дар чемпионат 24 даста дар 6 гурӯҳ ширкат менамоянд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва 4 дастаи беҳтари ҷои сеюми гурӯҳҳо ба ҳаштякфинал роҳхат мегиранд.