ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон тавассути хатсайри махсус аз Ироқ беш аз 60 кӯдак, ки ҳамроҳ бо волидонашон дар маҳалли даргир қарор доштанд, ба ватан интиқол доданд, хабар медиҳад УзА.
Амалиёти бозпас овардани кӯдакони узбак аз Ироқ бо дастури раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев ва ҳамчунин бунёди кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ анҷом дода шуд.
Кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шуданд ба оилаҳову наздиконашон дода нашудаанд
Аз миёни 64 кӯдаке, ки ахиран ба Узбакистон интиқол ёфтанд, 39 писарбача ва 25 духтар буда, 14 - то онҳо то синни 3 - соларо ташкил медиҳанд.
Манбаъ меафзояд, ки барои бозпас баргардондани кӯдакон аз Узбакистон гурӯҳи вижае ба Ироқ сафарбар шуд, ки бо занҳои узбаки дар зиндонҳо нигаҳдоришуда мулоқот намуда, бо ризоияти онҳо кӯдаконашонро ба ватан оварданд.
Латофат Назирӣ: кӯдаконе, ки аз Ироқу Сурия баргаштанд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Маврид ба ёдоварист, ки моҳи майи соли ҷорӣ низ ҳукумати ин кишвар тавонист аз мантақаҳои даргири Ироқ дасти кам 155 нафар занону кӯдаконро ба Узбакистон мунтақил диҳад.