Намояндаи ВУХ Ироқ: "барои баргардонидани занони тоҷик аз зиндонҳои Ироқ талош менамоем"

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкГурезаҳои Сурия ва Ироқ. Акс аз бойгонӣ
Гурезаҳои Сурия ва Ироқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ал Юсуфӣ Ҳазим Аҳмад имрӯз зимни баргузории Конфронси сатҳи баланд зикр намудааст, ки дар кори  аз Ироқ ба Тоҷикистон овардани кӯдакон нақши Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хеле бузург аст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. "Мо барои баргардонидани занони тоҷик, ки имрӯз дар зиндонҳои Ироқанд, талош менамоем", суханҳои намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ал Юсуфӣ Ҳазим Аҳмадро интишор кардааст агентии "Ховар".

Гурезаҳои Сурия ва Ироқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тоҷик занонро низ аз Ироқ бармегардонанд

Манбаъ афзудааст, ки Ал Юсуфӣ Ҳазим Аҳмад имрӯз зимни баргузории Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил" зикр намудааст, ки дар кори  аз Ироқ ба Тоҷикистон овардани кӯдакон нақши Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хеле бузург аст.

"Бояд гуфт, ки баъд аз анҷоми ҷанг дар шаҳри Мосул ин кӯдакон дар зери муҳосираи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Ироқ монданд. Дар ин ҷанг бисёре аз кишварҳои ҷаҳон иштирок доштанд, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус кӯдакону модарон. Ҳоло баъд аз интиқоли кӯдакони тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон 43 нафар занони тоҷик низ дар маҳбасхонаҳои Ироқ қарор доранд, ки барои баргардондани онҳо ҳамкорӣ ва муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ироқ идома дорад".

В Душанбе встретили спецрейс из Багдада, на борту которого находились 64 ребенка - Sputnik Тоҷикистон
Сипоси Ҳукумат барои баргардондани 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ

Ба гуфтаи Ал Юсуфӣ Ҳазим Аҳмад, одамони зиёде дар ин ҷанги ба ном Давлати Исломӣ дар Ироқ иштирок намуданд, ки бисёр кишварҳо шаҳрвандони худ, бахусус кӯдакону модарони худро ба давлати худ баргардониданд.  Мо низ барои баргардонидани занони тоҷик, ки имрӯз  дар зиндонҳои Ироқанд, талош менамоем.

"Ман фикр мекунам, ки баргузории чунин як конфронси сатҳи баланд  дар шаҳри Душанбе  ҷиҳати баррасии масоили терроризму ифротгароӣ ва пешгирии даҳшатафкании аср  барои решакан намудани терроризму ифротгароӣ  дар минтақаи Шарқи наздик ва  Осиёи Марказӣ нақши бузург хоҳад гузошт",- гуфт Ал Юсуфӣ Ҳазим Аҳмад.

Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки онҳо дар оянда талош менамоянд, ки чунин ҳодисаҳо бори дигар дар ин минтақаи мо такрор наёбанд ва занону модарони тоҷик,  ки имрӯз дар  зиндонҳои Ироқ қарор доранд, бо сари баланд ба Ватани худ  баргарданд.

Встреча спасенных в Ираке российских детей в аэропорту Грозного, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бағдод бозгардонии кӯдакони тоҷикро аз Ироқ баррасӣ карданд

Бояд зикр намуд, ки имрӯз   дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” баргузор гардида истодааст. Дар кори он  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар кори конфронс муовини Дабири кулли СММ, Котиби генералии СҲШ, намояндагони САҲА, СААД, вазирони корҳои хориҷии Узбакистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Япония, муовини Котиби генералии Иттиҳоди Аврупо ва  коршиносони даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд.

Лентаи хабарҳо
0