Туркия таҳдидҳои Трампро нодида гирифта ӯро сиёсатмадори ноӯҳдабаро номид

© REUTERS \ LUCAS JACKSONПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Анқара таҳдидҳои раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бобати "нест кардани" иқтисодиёти ин кишварро ҷиддӣ қабул накарданд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар сафҳаи Twitter  изҳор доштааст, ки агар Туркия  аз ҳудуди муайяннамудаи ӯ берун по гузорад, то иқтисодиёти ин кишварро комилан "нест" мекунад.

Президент США Дональд Трамп и президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Трамп ба хотири мулоқот бо Путин таҳрими “бераҳмона” бар зиди Русияро қатъ кард

Ба изҳори Трамп, Туркия, Аврупо ва кишварҳои дигар бояд ҷангиёни  ДОИШ- е, ки ба асорат афтодаанд, аз мадди назари худ дур накунанд ва пайваста таҳти контроли худ қарор диҳанд. Дар сурати баръакс ба иқтисодиёти Туркия хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, таъкид намудааст Доналд Трамп.

Трамп эҳтимоли аз Созмони ҷаҳонии тиҷорат берун шудани Амрикоро эълон кард

Аммо ҷониби Туркия ин таҳдидҳои Трампро ҷиддӣ қабул накарда афзудаанд, ки амалкарди ӯ ба як роҳбари масъулиятнок ва бохирад шабеҳ нест.

"Трамп саъй дорад сиёсати хориҷии Амрикоро ҳамчун як ширкати шахсии худ идора кунад ва зимнан ба иқтисодиёти кишвари мо  таҳдид мекунад. Ин рафтори ӯ ғайридипломатӣ аст. Трамп бояд донад, ки  ӯ бо таҳдидҳо алайҳи Туркия ҳеҷ чизро ба даст намеорад", - изҳор намудааст дипломати эронӣ айдин Сезер.

Зимнан алайҳи таҳдидҳои Трамп қариб тамоми ВАО Туркия вокуниш нишон дода, баён намудаанд, ки нисбати ҳарфҳои Трамп ягон чораандешӣ нахоҳанд кард, зеро таҳдидҳои ӯ асоси воқеӣ надоранд.

Шояд аз лиҳози иқтисодӣ, дигаргуни дар арзиши доллар нисбати пули миллии туркӣ сурат гирад, аммо ин амалкарди Амрико низ ба шикасти иқтисодиёти Туркия оварда намерасонад.

Лентаи хабарҳо
0