Трамп ба хотири мулоқот бо Путин таҳрими “бераҳмона” бар зиди Русияро қатъ кард

© AP / Pablo Martinez MonsivaisПрезидент США Дональд Трамп и президент РФ Владимир Путин, архивное фото
Президент США Дональд Трамп и президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қасри сафед ба воситаи ёвари котиби давлатӣ ба конгрес ишора намудааст, ки қатъи бастаи санадҳои  таҳрими дуюм, нисбати Русия ин қарори таҳлил ва омӯхта шуда, инчунин аз ҷониби Доналд Трамп қабул карда шуда мебошад

ДУШАНБЕ, 17 мая — Sputnik. Бастаи санадҳои таҳрими якум моҳи августи соли ҷорӣ дар асоси қонун дар бораи назорат аз  болои воситаҳои кимиёвӣ ва биологӣ аз соли 1991, вобаста ба парвандаи Скрипал амалӣ гардонида шуда буданд, ёдовар мешавад РИА Новости.

Парчамҳои Русия,ИА, Фаронса ва нишони Нитс дар соҳили Нитс - Sputnik Тоҷикистон
Назарсанҷӣ: ИМА ва ИА дар ҳамоҳангӣ алайҳи ФР таҳрим ҷорӣ карданд

Ҳайати конгресс дар амал имкониятҳои таъсиррасонии президентро ба баъзе корҳо маҳдуд кардаанд.

Дар қонунгузорӣ бандеро илова намуданд, ки парлумон дар асоси ваколати махсус метавонад маҳдудиятҳои қабулшударо бекор кунад. Ин то андозае воқеаи таҳқиромез буд барои президенти Амрико, чунки  қонунгузорон намоишкорона салоҳиятҳои роҳбари кишварро маҳдуд намуданд.

Вақте, ки “овозаи” даст доштани Русия дар интихоботи президентии Амрико исбот нашуд, Трамп дигар нахост таҳримҳоро нисбати Русия давом диҳад. Ӯ бастаи санадҳои тайёр карда шуда барои таҳрим дар бораи қатъи таҳвили молҳои таъиноти дугона (молҳое, ки барои ниёзҳои зиндагии осоишта ва тайёру истифода дар соҳаи низомӣ метавонанд истифода шаванд) ба Русияро сарфи назар кард.

Сербистон аз эъломи таҳрим алайҳи Русия худдорӣ кард

Дар ин ҳол аз омода сохтани бастаи санадҳо бо номи таҳрими  “бераҳмона” нисбати Русия эълон карда шуд.

Депортаменти давлатӣ маҳдудиятҳои навбатиро чораҳои “бисёр дарднок” тафсир карда буданд, ки дар маҷмуъ аз муболиғаомез менамояд. Рӯйхати ин таҳрим чунин аст: манъи бонкҳи Амрико аз додани қарз ба Русия, манъи содироти ҳама намуди молҳои амрикоӣ ғайр аз маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия, ба таври автоматӣ бастани ҳамаи ташаббусҳое, ки ба Русия ёрии молӣ ва техникӣ меоранд, манъи муносибатҳои дипломатӣ ва ё кам кардани шумораи дипломатҳо, манъи интиқоли бор миёни ҳарду кишвар тариқи роҳи ҳавоӣ ба воситаи ширкатҳои ҳавоии давлатӣ.

Ба Маскав 90 рӯз дода шуд, то ки фикр кунад ва омӯзад, ки бастаи дуюми таҳрим чӣ гуна зарбаи сахт метавонад буд ва Русия пушаймон шуда Амрикоро итоат карда талаботи Вашингтон – дар бораи дастрасии намояндагони Амрико ба заводи кимиёвиро иҷро мекунад.  

Русия - Ғарб: ҷанги таҳрим

Аз аввал маълум буд, ки Русия ба ин шарти Амрико розӣ намешавад ва таҳримҳо ба таври автоматӣ амалӣ гардонида мешаванд. Аммо алакай 9 моҳ сипари шуд, то ҳол таҳрим амалӣ карда нашудааст.

Дар ин муддат чӣ ҳайати конгрес чӣ сенатор ҳамеша амалӣ гардониданӣ бастаи дуюми таҳрим нисбати Русияро талаб мекарданд. Майк Помпео ҳангоми гуфтушунидаш бо Сергей Лавров дар моҳи феврали соли равон гуфта буд, ки Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ аз нақшаҳои пешгирифтааш даст намекашад. Лавров дар навбати худ, қарори онҳоро беасос номида буд.

Баъди ин ҳама дар моҳи апрел бо маърӯзаи додситони махсус Мюллер бо хулосаи “муносибати Русия” бо Трамп баромад карда буд. Дар хулосаи таҳқиқоти дусола ягон алоқамандии Трамп бо Русия пайдо нашуд.

Встреча президента России Владимира Путина и президента США Дональда Трампа - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳои хабарӣ: Трамп тасмим гирифтааст бо Путин мулоқот кунад
Вобаста ба ин барои Қасри сафед дигар ҳеҷ сабабе намонд, то ки нисбати Русия чораҳо андешад.Ду ҳафтаи охирро метавон як кушодашавии гиреҳҳо дар муносибатҳои Русияву Амрико донист. Ягон шартнома қабул нашудааст, аммо муносибатҳо дар шакли фаъол рӯ ба беҳбудӣ доранд. Ҷониби Амрико кӯшиши мулоқот бо Русияро ва бартараф намудани буҳрони панҷсоларо дорад: Трамп ба Путин занг мезанад, Лавров ва Пампео дар Финландии мулоқот мекунанд, котиби давлатӣ ба Сочӣ меояд ва баъди суҳбат бо Президенти Русия имкони мулоқоти Владимир Путинро бо Трамп дар Япония дар охири моҳи июн имконпазир мегуяд. Инчунин роҳбари СВР Сергей Наришкин аз имкони беҳтар намудани муносибатҳо миёни СВР ва СРУ-ро сухан мегуяд.
Дональд Трамп выступает на пресс-конференции после саммита с лидером Северной Кореи Ким Чен Ыном - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигорони Ғарб дар ҳайратанд: Трамп ба саволи хабарнигори Sputnik посух гуфт

“Мо таҳримро таҳлил карда баромадем. Мо онҳоро тайёр кардем. Ҷавоби ман дар он буд, ки барои муносибат бо Русия бояд мавқеи хело бузург дошт”, - гуфтааст ёвари котиби давлатӣ оид ба назорати мусаллаҳона ва амнияти байналмилалӣ Андреа Томпсон ҳангоми баромадаш дар конгресс.

Маълум аст, ки баъди ин, ҳама айбдоркуниҳо аз ҷумла Трампро “Маскав назорат мекунад” рӯ ба нести меоранд, аммо баъди беманфиатии маърӯзаи Мюллер, президенти Амрико метавонад аз танқиди мунаққидони хира раҳо ёбад.  

Ин аз ҳама қадами муҳим аст барои беҳтар намудани муносибатҳои ҳарду кишвар.

Путин гуфта буд, ки мефаҳмад, ки Доналд Трамп дар кадом ҳолати ногувор қарор гирифта буд ва ҳатто нисбати ӯ дилсӯзӣ байён карда буд. Аммо агар таҳрими “бераҳмонае”, ки пешбинӣ шуда буд амалӣ мегардид, дар бораи мулоқоти Путину Трамп дар Япония ҳарф задан ғайри имкон буд. Ва қатъи он, ин шояд қадами Амрико аз таҳдид ба сӯи гуфтушунидҳо бошад.   

Лентаи хабарҳо
0