Мусодираи қариб 1 тон маводи мухаддир аз ҷониби  ВУД Тоҷикистон ва Русия

© АКН ТаджикистанаСотрудники АКН Таджикистана изъяли 26 кг наркотиков
Сотрудники АКН Таджикистана изъяли 26 кг наркотиков  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистон ва Русия дар рафти нишасти хабарӣ аз мувафақиятҳои амалиётҳои якҷояи худ гуфтанд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Кормандони ВУД Русия ва Тоҷикистон дар рафти амалиёти ҳамешагии “Канал” ба якчанд корҳои ҷиноии алоқаманд бо маводи мухаддир рӯ ба рӯ шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод бо истинод ба гуфтаҳои роҳбари ВУД ФР Владимир Колоколсев.

“Соли гузашта ва тайи 6 моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ дар чаҳорчубаи амалиёти “Канал” дар ҳудуди Русия 2,5 ҳазор амалҳои ҷиноии вобаста ба маводи мухаддир ошкор шудаанд ва аз онҳо 765 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст”, - гуфтааст Колоколсев.

Дар Тоҷикистон бошад вобаста ба ин 16 амали ҷиноӣ ошкор шуда қариб 100 килограмм маводҳои мухаддир бозёфт ва мусодира шудаанд.

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода ба муҳоҷирони фаъол медал ва ифтихорнома тақдим кард

Ёдовар мешавем, ки имрӯз 8 октябр дар шаҳри Маскав бо ширкати вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Раҳимзода ва вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

Дар ҷаласа, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳои ду кишвар ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Деньги - Sputnik Тоҷикистон
Чаро сафорати Амрико ба Рамазон Раҳимзода сипоснома равон кард?

Дар рафти ҷаласа, Раҳимзода баромад намуда, зикр кардааст, ки ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии  Тоҷикистон ва Русия рӯз аз рӯз тақвият ёфта, дар доираи ҷаласаи Мушовараи якҷоя боз ҳам рушду такомул меёбанд.

Ин ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро фаро гирифта, дар он мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои муштаракро роҳандозӣ ва амалӣ менамоянд.

Вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода дар Алмато аз таҳкими марз гуфт

Дар ҷараёни ҷаласа оид ба андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Русия, инчунин зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн як қатор таклифҳо пешниҳод шудааст.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби вазирони ҳарду кишвар Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилӣ, қарорҳои дахлдор қабул карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0