ДУШАНБЕ, 14 сен - Sputnik. Рӯзи 13 сентябр, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо роҳбарон ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар шаҳру вилоятҳои Русия дидору мулоқот кардааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, муҳоҷирон, ҷиҳати иштирок дар ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва маросими кушодашавии чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун" даъват шуда будаанд.
Вазир: мушкилоти тоҷиконро дар Русия ҳамеша бо мақомоти ин кишвар баррасӣ мекунем
Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ меҳмононро ба 28-умин солгарди Истиқлол ва кушодашавии чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун" табрик гуфта, ба онҳо бурдборӣ ва пешрафти рӯзгорро таманно намудааст.
"Дар навбати худ меҳмонон аз даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин чорабинии таърихӣ ва дастгирию ғамхориҳои давлату Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки пайваста бо ниҳодҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ қарор доранд ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд", - омадааст дар хабарнома.
Рамазон Раҳимзода ба муҳоҷирон: мушкилотатонро ба Эмомалӣ Раҳмон мерасонам
Манбаъ афзуда, ки дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби вазир Раҳимзода, барои ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ як қатор намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Русия бо медалҳои "Барои ҳамкорӣ" ва Ифтихорномаҳои фахрӣ мукофотонида шудаанд.