Миннатдории мақомоти ВМКБ аз Рустами Эмомалӣ

Обуна шудан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ашхоси саховатпеша изҳори миннатдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Аъзоёни "Ассотсиатсияи шикорчиёни ВМКБ" Зафар Бекмуродов, Шавкат Лаълбеков ва Қарақул Соҳибқулов, бо супориши бевоситаи раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ як қатор корҳоро баҳри беҳбудии сифати зиндагии мардум анҷом доданд.

Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бунёди Оқохон дар маркази ВМКБ 6 майдони варзишӣ ва мактаб месозад

Бинго ба гузориши мақомоти вилоят, ин шахсони саховатманд ба 100 нафар оилаҳои камбизоати ноҳияи Мурғоб кумаки моддӣ аз қабили сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ расонданд.

"Онҳо 40 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Мурғобро барои истироҳат ба дараи Ромит ва тамошои зебогӣ ва пешравиҳои шаҳри Душанбе бурдаанд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин, баҳри таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳри Хоруғ ду адад дастгоҳи обкашӣ ва сохтмони толори варзишӣ дар деҳоти Кӯҳна Қурғони ноҳияи Мурғобро маблағгузорӣ кардаанд.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон миннатдории самими худро сараввал ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ин шахсиятҳое, ки дар ободонии диёри худ бетараф нестанд баён менамояд", - омадааст дар хабарнома.

Лентаи хабарҳо
0