ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ВМКБ, барномаи муштараки мақомоти иҷроия, Бунёди Оқохон ва Ожонси Оқохон дар умури муҳити зист ба маблағи 1 миллиону 850 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи созмони Аврупо дастгирӣ карда шуд.
“Маблағи мазкур барои сохтмони 6 адад майдончаи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, хати оби нӯшокӣ барои маҳаллаҳои Заводи Нон ва Бизмич, сохтмони мактаби рақами 5 дар марҳалаи С. Абдураҳмонов ва бехатар кардани маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ аз офатҳои табиӣ равона карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, масоили баланд бардоштани дониш ва малакаи иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ, беҳтар намудани салоҳияти ҷавонон дар масоили роҳбарӣ ва таъмини ҳаёти солим, тақвият додани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа низ дар назар дошта шудааст.
Ҳукумати ВМКБ оғози татбиқи барномаи мазкурро моҳи ноябри соли ҷорӣ арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки бо шарикони рушд махсусан ташкилоти Оқохон ният доранд, дар солҳои наздик боз якчанд барномаҳоро рӯйи кор оваранд.