Куҳансолтарин марди сайёра далели дарозумрии худро йога ва издивоҷ накардан гуфт

© AFP 2023 / DIBYANGSHU SARKARИндийский монах Свами Шивананда
Индийский монах Свами Шивананда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони фурудгоҳи Абу - Дабиро як мусофир ҳайратзада кард. Дар шиносномаи ин мусофир соли таваллуди ӯ 1896 дарҷ шудааст ва агар ин рақам дақиқ бошад, пас ин мард куҳансолтарин фарди сайёра ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik.  Дар фурудгоҳи Абу - Дабӣ куҳансолтарин фарди сайёра муайян шуд. Кормандони фурудгоҳ пас аз назар гузаронидани шиносномаи ӯ ҳайратзада шуданд, зеро ин мард 8 августи соли 1896 таваллуд шудаст, хабар медиҳад Daily Mail.

Паломники в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куҳансолтарин ҳоҷии сол вориди Макка шуд

Бар хабари манбаъ, Свами Шивананди дар шаҳри Бехали Ҳиндустон таваллуд шудаст. Агар рақами шиносномаи ӯ дақиқ бошад, пас ин мард куҳансолтарин фарди сайёра аст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов аксашро бо куҳансолтарин ҳаводораш нашр кард

Ба нақли Свами ӯ дар 6 солагӣ аз падару модари худ ятим монда, хешовандонаш ӯро ба тарбияи як рӯҳонӣ доданд, ки ҳамроҳ бо ӯ кулли Ҳиндустонро сайёҳат намудааст.

Гуфта мешавад, ҳарчанд дар ҳуҷҷати тасдиқкунанда синни ӯ 123 сола дарҷ шудааст, аммо ӯ ҳоло ҷавонтару нерумандтар ба назар мерасад.

Свами далели ҷавон мондани худро ба тамрини йога ва ҳамзамон боре издивоҷ накардан рабт додаст.

"Ман оддитарин ғизоро истеъмол мекунам. Хӯроки ман аслан обпаз буда, бештар аз биринҷу наск иборат аст. Аз истеъмоли шир ва мева худдорӣ мекунам, дар овони кӯдакӣ бошад бештар гурусна мегаштам", - изҳор намудааст ӯ.

Аммо бо вуҷуди синну соли калони ӯ Свами натавонистаст шомили  Китоби Гиннес шавад.

Бар тибқи маълумотҳои Китоби Гиннес, ҳанӯз ҳам куҳансолтарин фарди сайёра сокини Фаронса Жанна Луиза Калман будааст, ки дар синни 122 солагӣ аз дунё даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0