Куҳансолтарин ҳоҷии сол вориди Макка шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПаломники в Мекке, архивное фото
Паломники в Мекке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди 130-солаи аҳли Индонезия, ки унвони куҳансолтарин зоири ширкаткунанда дар маносики ҳаҷи имсолро ба номи худ сабт кардааст, рӯзи чаҳоршанбе вориди сарзамини Арабистон шуд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории Парс тудей, марди куҳансол дар миёни ду миллиону 500 ҳазор мусалмони ҳозир дар ин маносик синни рекордӣ дорад.

Паломничество в Мекку - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон талабгорони Ҳаҷ коҳиш ёфтаст, сабаб дар чӣ бошад?

Манбаъ бо такя ба хабаргузории “Форс”,  афзудааст, ки солмандтарин зоири ҳаҷи имсол Уҳи Идрус Самари ном дорад, ки ҳамроҳ бо хонаводааш ба Арабистон сафар кардааст.

Самари ба унвони меҳмони вижаи Малик Салмон, подшоҳи Арабистон, ки худро ходими ҳарамайни шарифин мехонад, ба Маккаи мукаррама сафар кардааст.

Ин зоири индонезӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҷида мавриди истиқболи Абдулмаҷид Алафғонӣ, мудири умури ҳаҷ ва умраи Арабистон ва сарҳанг Солим Алқаҳтонӣ, мудири равобити умумии фурудгоҳ қарор гирифт.

Сити Раҳило, духтари ин зоири индонезӣ гуфтааст, ки падараш пеш аз ин ба сафари ҳаҷ мушриф нашуда буд ва акнун орзуи ҳамешгиаш бароварда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0