ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Сафирҳои кишварҳои аъзои Созмони амнияти ҳамкориҳои Аврупо (САҲА) аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.
“Мудири ин Агентӣ, Шерхон Салимзода намояндагони САҲА-ро бо сиёсати ҳукумати кишвар оид ба назорати маводи нашъаовар ошно намуд”, - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин Шерхон Салим ба меҳмонон вазъи мубориза бар зиди маводи мухаддирро дар Тоҷикистон ва минтақа шарҳ дод, ҳамчунин аз фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар тавзеҳ дод.
Баъди ин кишварҳои аъзои САҲА мавқеи асосӣ доштани Тоҷикистонро дар мубориза бар зиди маводи мухаддир қайд намуда ба фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ришта баҳои баланд доданд.
Намояндагони кишварҳои аъзои САҲА баён доштаанд, ки омодаанд кӯшишҳои Агентии назорати маводи нашъаоварро бар зиди амалҳои нашъаҷалобӣ дастгир намоянд.
Чанде пеш сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар 74-умин минбари Ассамблеяи Генералии СММ дар Ню-Йорк ҳангоми баромадаш эълон дошт, ки яке аз сарчашмаҳои асосии захираҳои молиявии террористон ин фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.
Расулзода ёдовар шуд, ки дар соли 2013 дар Тоҷикистон қарор дар бораи мубориза бар зидди доду гирифти маводи мухаддир, ки то соли 2020 пешбинӣ шудааст, қабул карда шудааст.