ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодисаи аввал 4-уми октябри соли 2019, тахминан соати 02:00 рух додаст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки Акрамҷон Ашӯров, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада-Калина”, сокини 64-солаи ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст.
“Дар натиҷа, худи ронанда Ашуров ва ҳамсараш Одинаева Рӯзигул Раҷабовна, соли таваллудаш 1961, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Мусофири дигари ин мошин, Суҳроб Меликов, сокини 29-солаи шаҳри Турсунзода, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД афзуд, ки садамаи маргбори дигар, 6-уми октябри соли 2019, тахминан соати 10:30-дақиқа рух дод.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Усмонов Толибҷон Шокирович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар болои пули ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи Қаландаров Абдуқаҳҳор Валиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, ронандаи “Опел-Вектр”, Қаландаров дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур Ҳомидов Мубинҷон, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.