ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз садамаи нақлиётӣ, ки боиси марги ронанда шудааст, хабар медиҳад.
Ҳодиса ӯзи 26-уми сентябри соли 2019, тахминан соатҳои 22:40-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.
Тибқи гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099”, Ашуралиев Фарухрӯз буда, соли таваллудаш 2000 ва, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ будааст.
Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Ваҳдат: ҳалокати ронанда ва бистарӣ гаштани мусофир
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Ҳулбук ба самти деҳаи Заркамар аз уҳдаи идораи автомашинаи набаромада, ба канори рости роҳ баромада, автомашинаи мазкурро дар заҳбури чуқуриаш 8-метр чаппа кардааст.
"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Ашуралиев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Садамаи маргбор: ҳалокати ду сокини ноҳияи Ванҷ ба сабаби чаппа шудани мошин ба дарёи Панҷ
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.