ВКД рӯйхати нави ронандагони ҷаримагурезро нашр кард

© SputnikТранспорт в Душанбе
Транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар ронандаи ширкати ҶДММ "АЛ Барака" бо худрави "Хундай-Акцент" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст.

Дорога в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Лиаз" -и ҷаримагурез: ВУД рӯйхати ронандагони қонуншиканро нашр кард

Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 48 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Қонуншиканӣ кам мешавад? пас аз шикояти мардуми Хоруғ БДА чароғакҳоро нав кард

"Хундай-Акцент", ки низ ба ҶДММ "АЛ Барака" , тааллуқ дорад, 41 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар ҷои сеюм низ аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Хундай-Акцент", ки муттаалиқ ба ҶДММ "АЛ Барака" мебошад, номбар шудааст.

Ин бор ронандаи ин ширкат 32 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Дар умум ронандаҳои ширкати ҶДММ "АЛ Барака" дар феҳрасти ҷадиди ВКД ҳафт маротиба номбар шудаанд.

 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 7 октябр, рӯйхати 15 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Лентаи хабарҳо
0