ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.
Аз ҳама бештар автомашинаи «Лиаз-5256», рақами қайди давлатиаш 0489 тт 05, ки ба ККВД Автобус -1 тааллуқ дорад, қоидаи ҳаракатро вайрон карда, ҷаримаҳоро пардохт накардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 76 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.
"Мерседес Бенс"-и мутаалиқ ба сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Исмоилов Осимҷон 19 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Мерседес Бенс" Қодиров Абдумаҷид номбар шудааст.
Ӯ 18 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.
Шояд миёни онҳо ту ҳам бошӣ: ВКД рӯйхати ронандагони қонуншиканро нашр кард
Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 11 июн, рӯйхати 24 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.