Генерал ба кормандони беҳтарини оперативӣ нишони сарисинагӣ ва мукофоти пулӣ дод

Саидзода Маҳмадсаид Борон
Саидзода Маҳмадсаид Борон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беҳтарин кормандони оперативӣ аз ҷониби раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо нишонҳои сарисинагӣ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Рӯзи 5 октябр, дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба "Рӯзи кормандони оперативӣ", ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил мегардад, озмун миёни кормандони мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти "Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" баргузор гардид, ки дар он муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии мақомотҳои дахлдор ширкат карданд.

Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа дар оилаи овозхон: фармони вазир барои қадрдонии Иброҳимов баъди марги қаҳрамонона

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар оғози баргузории озмун, Саидзода баромад намуда, иброз намуд, ки яке аз самтҳои хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ илова намуда, ки мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо пеш аз ҳама, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ҳамкорӣ дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои бадӯшдоштаи ҳамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дӯстию рафоқат миёни онҳо мебошад.

Саидзода ҳамчунин кормандони самти фаъолияти оперативиро ба муносибати иди касбӣ муборакбод намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин озмун 16 нафар кормандони самти фаъолияти оперативӣ аз мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз рӯйи 3 давр иштирок намуданд. 

Дар натиҷаи ба даст овардани холҳо миёни иштирокчиён, доварони озмун ба хулосае омаданд, ки 3 нафар иштирокчӣ ғолиби озмун ҳисобида шавад.

"Ҳамин тавр ваколатдори калони оперативии Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД капитани милитсия Авазшо Саидов, капитани адлия М.Ҳамдамов ва лейтенанти хурди адлия Беҳрӯз Воситов, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» эълон гардиданд", - омадааст дар хабарнома.

Ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалҳои сарисинагӣ "Корманди беҳтарини оперативӣ" ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин ба иштирокчиёни фаъоли ин озмун барои хизматҳои софдилона, содиқона зоҳир намудани дониши баланди назариявӣ-амалӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, саҳми арзанда дар баргузории чорабинӣ, инчунин ишғол намудани ҷойҳои намоён дар озмуни самти "Фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ" бо Раҳматномаҳо аз номи вазири корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0