Тигран Саркисянро аз назди Путин "пеш" карданд - видео

Обуна шудан
Раиси Комиссияи Иттиҳоди иқтисодии УрОсиё Тигран Саркисянро, ки дар назди президенти Русия Владимир Путин нишаста буд, аз ҷояш "пеш" карданд. Ин ҳодиса ба навор афтод

Раиси Комиссияи Иттиҳоди иқтисодии УрОсиё Тигран Саркисян дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмон миёни президенти Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ки дар асл ҷои сарвазири Арманистон буд, нишаст.

Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дохил мешавад?

Ин ҳодисаи хандаовар дар маркази технологияҳои нави "Тумо" дар шаҳри Ереван, ба вуқӯъ пайваст.

Аз навор дида мешавад, чигуна Саркисян миёни Владимир Путин ва Сооронбой Жээнбеков нишаста, бо президенти Русия гарм суҳбат мекунад.

Пас аз чанд лаҳза ба наздаш касе омадаро ӯро хабар мекунад, вале Саркисян танҳо пас аз ишораи дуюм ба ӯ диққат медиҳад.

Дар охир раиси Комиссияи Иттиҳоди иқтисодии УрОсиё Тигран Саркисян аз ҷояш бархоста курсиро ба Пашинян медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 1 откябр дар Ереван нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Иттиҳоди иқтисодии УрОсиё баргузор шуд. Дар рафти ин нишаст 14 созишнома имзо шуда, қарор дар бораи ташкили Нуқтаи тиҷорати озод дар Сингапур қабул гардид.

Лентаи хабарҳо
0