Узбакистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дохил мешавад?

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия аз омодагии Узбакистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё эълон кард

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Валентина Матвиенко раиси Шурои федератсияи Русия зимни мулоқот бо  Нуруддинҷон Исмоилов, раиси Маҷлиси қонунгузории Узбакистон аз мувофиқати Тошканд барои пайвастан ба Иттиҳодияи АвруОсиё хабар дод.

Валентина Матвиенко изҳор доштааст, ки мақомоти Узбакистон дар ҳоли ҳозир мавзӯи пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёробаррасӣ дорад.

Вай аз ин иқдоми мақомоти Узбакистон  истиқбол карда, изҳори умедворӣ кард, ки вуруди Узбакистон ба ин иттиҳодия бидуни таъхир анҷом хоҳад шуд.

Бинобар изҳороти вай вуруди Узбакистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё фурсатҳои наверо барои ҳамкорӣ дар хонаводаи АвруОсиё ва ҳамчунин таомулоти дуҷониба фароҳам ва мавонеи хоссеро, ки дар равобити ду кишвар вуҷуд дорад рафъ хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Русия ва Қирғизистон узви ин иттиҳодия буда ва теъдоде аз кишварҳо барои пайвастан ё ҳамкорӣ бо он ибрози тамоюл кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0