Тағйирот дар қонуни буҷа барои таъмини арзонии гӯшт дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Мехргон
Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон тағйирот ба қонуни буҷаи соли 2019-ро муаррифӣ кард, ки ба таъмини арзонии гӯшт ва рушди чорводорӣ нигаронида шудаанд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Қаҳҳорзода зимни ҷаласаи ахири парлумон гуфт, бо пешниҳоди имтиёзҳои иловагии андозию гумрукӣ азм доранд, саршумори чорвои хушзотро зиёд кунанду, дастрасии бештари аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштии серғизоро таъмин созанд.

Рабочий визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон
Аз корхонаи шир то маркази хизматрасонӣ: Раҳмон дар Данғара иншооти нав ифтитоҳ кард

Бар асоси тағйирот, ки парлумон ҳафтаи равон қабул кард, аз 1 августи соли 2019 воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

“Қабули санади мазкур барои таъмини раванди бозтавлидии чорвои хушзот, такмили сифатҳои ирсию маҳсулнокии он, таъсиси фонди чорвои хушзот ва ҳифзи он, ҳамчунин нигаҳдории чорвои хушзоти маҳаллии дар ҷумҳурӣ парваришшаванда ва марҳила ба марҳила коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз маҳсулоти гӯштии воридотӣ, мусоидат менамояд”, - хабар додааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Қаҳҳорзода.

Баҳси маош дар парлумон: Ғаффоров пурсид чанд сомонӣ, Зуҳуров гуфт кам

Тоҳир Ҷобирзода, раиси Кумитаи иқтисоду молияи Маҷлиси намояндагон низ аз ин тарҳ тавсиф карда, изҳор доштааст, ки  бо роҳи зиёд намудани саршумори чорвои хушзот, дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштии серғизо ва бо ин васила таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таъмин мешавад.

Дар ҳоле, ки болобарии нархи гӯшт соли равон борҳо мавриди нигаронии сокинони кишвар қарор гирифта буд, вакилони мардумӣ бо як овоз ироаи сабукӣ зимни воридоти чорвои хушзоту хӯроки онро тасдиқ карданд.

Лентаи хабарҳо
0