ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Бӯстон бо ҳузури Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят Суғд меҳмонхонаи замонавии "ҲАЁТ" ифтитоҳ ёфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, меҳмонхонаи замонавии “ҲАЁТ” аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Тилло Назархудоев бунёд гардида аст.
Меҳмонхонаи “ҲАЁТ” аз се ошёна иборат буда, дорои 28 ҳуҷра, аз ҷумла 8 ҳуҷраи олӣ мебошад.
“Дар меҳмонхона барои истироҳату фароғати бароҳати меҳмонон ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, ҳаммоми мардонаву занона, ошхонаву қаҳвахона сохта шудааст”, - зикр намудааст манбаъ.
Ҳамзамон дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд таъкид доштааст, ки соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди ин меҳмонхона 600 ҳазор сомонӣ масраф карда аст.
Ҳамчунин манбаъ ёдрас шудааст, ки бо ифтитоҳи меҳмонхонаи “ҲАЁТ”шумораи меҳмонхонаҳои шаҳри Бӯстон ба 13 адад расид.