ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Вазири маориф ва илми Қирғизистон Канибек Исоқов имрӯз қарореро ба тасвиб расонид, ки тибқи он минбаъд талаб намудани маблағ аз хонандагон ва волидони онҳо қатъиян манъ карда мешавад, иттилоъ медиҳад сомонаи КирТАГ.
Бар хабари манбаъ, вазири маориф тақозо намудаст, ки қарори мазкурро ба саҳми ҳамаи мудирон ва омӯзгорони дурдасти Қирғизистон бо гирифтани имзои онҳо, расонида шавад.
На аз кисаи волидон: Рустам Эмомалӣ таъмири мактабро бар дӯши раисони ноҳия вогузошт
Вазири маориф ҷиддан талаб намудаст, ки минбаъ рӯёнидани маблағ аз падару модарон барои доир намудани дилхоҳ чорабиниҳои фарҳангӣ набояд сурат гирад.
Зимнан, Исоқов дастур дод, то почта ва телефонҳои боварӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ фаъол шаванд, то волидон бевосита тавонанд барои нақзи қарори тозақабулкардаи ӯ, арзу шикоят намоянд.
Соҳибкор аз ҳисоби худ дар Ашт бо арзиши наздик ба 9 миллион сомонӣ мактаб месозад
Дар сурати нақз шудани қарори вазир, эҳтимоли аз кор ронда шудан, таҳдид мекунад.